Category: музыка

J Nash

Margi Schoir



Яке аз шомхои тобистони имсол дар фасади пайкараи устод Лохути менишастам, дуди сигор гулуамро мехарошиду шамоли бегохирузи барги чанорхоро ба садо меовард, ки навиштае аз китоби Салими Аюбзод «Точикон дар карни бистум: сад ранги сад сол» ба ёдам омад.
«Шонздахуми марти соли 1957, дар яке аз бемористонхои Маскав, дар рузи пурбарфу борон, шахсе мисли шамъ об шуду рехт, ки хазорон нафар уро дар Точикистон дуст медоштанд...
Солхои баъд фелдшерзане, ки он шаб дар сари болини бемор нишаста буд, накл кард, ки мариз дар сакароти марг ба як забони барои зан нофахмо мегуфту мегуфту мегуфт. Касе набуд, вопасин суханони марди мирандаро бишунавад, васияти уро бифахмад. Факат ин зан буд, ки аз калимахои охирин чизеро ба чуз нармию зебоии лафз ва дарди кухвор сангини души мусофири миранда эхсос намекард. Зан дар лоилочии баробар бо марги шоир, мегирист ва бо руймолаке ашки чашмонашро пок мекард.
Шоири точик ва мухочири деринаи эрони, Абулкосим Ахмадзодаи Лохути дар танхои ва ба хори вафот кард.»